Ҳангоми ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон омадан Шумо метавонед тарофаҳои муфиди шарикони мо — Ucell ва «МегаФон Тоҷикистон»-ро пайваст намоед.
Тарзи пайвасткунӣ
- 1
Вақте ба Ӯзбекистон ё Тоҷикистон меоед, смартфони худро бо SIM‑корти МегаФон фаъол намоед.
- 2
Баъди бақайдгирии SIM‑корт дар шабака ва пайвастшавии роуминг SMS‑ро бо проморамз аз МегаФон ба даст оред.
- 3
Ба дилхоҳ толори алоқаи Ucell дар Ӯзбекистон ё «МегаФон Тоҷикистон» дар Тоҷикистон биёед. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бо худ гиред.
- 4
SIM‑корти навро ба расмият дароварда, проморамзро аз МегаФон нишон диҳед. Ба Шумо тарофаи махсус — Welcome дар шабакаи Ucell ё «Биё! Фаъол бош 2020» дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» пайваст карда мешавад.
- 5
Тамом! Тарофаи муфидро озодона истифода баред.
Инчунин Шумо метавонед тарофаи Welcome‑ро бо роҳи зерин пайваст намоед:
- Ба дилхоҳ толори Ucell бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳозир шавед.
- SIM‑кортро бо дилхоҳ тарофа бихаред.
- Дар давоми 3 рӯз дархости *805*ХХХХХХХ# ‑ро рақамчинӣ кунед, ин ҷо ХХХХХХХ ин проморамз аз МегаФон аст.
Шартҳои тарофаи Welcome:
- пардохти абонентӣ 50 000 сум (389,73 ₽) дар як моҳ
- зангҳои бемаҳдуд ба дилхоҳ рақамҳои Ӯзбекистон
- 22 ГБ
Шартҳои тарофаи «Фаъол бош 2020»
- пардохти абонентӣ 55 TJS (472,43 ₽) дар як моҳ
- 100 дақиқа барои зангҳо ба шабакаҳои дигари Тоҷикистон
- зангҳои бемаҳдуд ба рақамҳои «МегаФон Тоҷикистон»
- трафики бемаҳдуд барои паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ
- 3 ГБ
Суроғаи толорҳои «МегаФон Тоҷикистон»
Маблағ бо рубл аз рӯи қурби асъор ба ҳолати 22.08.2023 нишон дода шудааст. Вобаста ба қурби амалкунандаи асъор он фарқ карда метавонад.



